Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТАЛХ ЧУН БОДА, ДИЛПАЗИР ЧУ ҒАМ

Рафт он ёру доғ, сад афсӯс, Дар дили доғдори ёр гузошт. Мо сипасмондагони қофилаем, Ӯ ба манзил расиду бор гузошт. Дар ҷавонӣ канори ҳам будем, Чун ҷавонӣ маро канор гузошт. Тан ба майхона бурду маст афтод, Ҷони ҳушёр дар хумор гузошт. Паи теша задан ба решаи хеш, Даст дар дасти рӯзгор гузошт. Он чӣ душман накард, бо ман кард, Ҷон бифарсуду тан низор гузошт. Ӯ ба поёни роҳи хеш расид, Ҳамраҳонро дар интизор гузошт. Ном Уммед дошт, аммо гом Дар раҳи ноумедвор гузошт. Масти ҳушёр буду риндона, Даст бар масту ҳушёр гузошт. Раҳ наҷуст аз ҳисори шаб берун, Оташе дар шаби ҳисор гузошт. Хотаме сохт шоҳкору дар ӯ, Лаъле аз ҷони хеш кор гузошт. Қадаҳе пур зи хуни дидаву гул, Пеши мастони ғамгусор гузошт. Талх чун бода, дилпазир чу ғам, Турфа шеъре ба ёдгор гузошт. Бо қиёмат ғам аз хазонаш нест, Он кӣ ин боғи пурбаҳор гузошт. Пеши фарёди ӯ ҷаҳон кар буд, Ӯ дар ин гӯш гӯшвор гузошт. Бар рухи рӯзгори хушкандеш, Селе аз шеъри обдор гузошт. Бигзар аз неку бад, ки нек бад аст, Он ки бар неку бад шумор гузошт. Бар баду неки кору бори ҷаҳон, Натавон ҳеч эътибор гузошт. Кай саворе аз ин карева гузашт, Ки на бар хотире ғубор гузошт?