Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

СУРУДИ КӮҲИСТОН

Қатра аз ях мечакад, аз шӯха резад шаршара, Рӯд ҷорӣ мешавад, гуфторҳо дорад дара. Мисли абри пастгашта об менӯшад рама, Ҷасту хезе мекунад ширмаст дар яксӯ бара. Ман, ки аз модар таваллуд гашта, дидам кӯҳро, Меҳри дил бахшидаму бо ҷон харидам кӯҳро. Дар канори чашма будам, дар миёни арчазор, Аз забони мурғҳо равшан шунидам кӯҳро: «Барфи болои сари ман нуқрасон рахшон бувад, Оби рӯдам мисли ашки ошиқон ҷӯшон бувад. Ҳар касе гӯяд, ки кӯҳистониям, бовар макун, Бингар аввал, ки дилаш соф аст ё вайрон бувад».