Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАРВОЗИ ХОКИСТАР

Ба ҷуз боди саҳаргоҳӣ кӣ шуд дамсози хокистар? Кӣ ҳар дам мекушояд пардае аз рози хокистар? Ба пои шуъла рақсиданду хуш доманкашон рафтанд, Касе з-он ҷамъи дастафшон нашуд дамсози хокистар. Ту пиндорӣ ҳазорон най дар оташ кардаанд ин ҷо, Чӣ хуш пурсӯз менолад, зиҳӣ, овози хокистар!? Самандарҳо дар оташ дидию чун бод бигзаштӣ, Кунун дар растахези ишқ бин парвози хокистар. Ҳанӯз ин кундаро руъёи рангини баҳорон аст, Хаёли гул нарафт аз табъи оташбози хокистар. Ману парвонаро дигар ба шарҳу қисса ҳоҷат нест, Ҳадиси мастии мо бишнав аз эъҷози хокистар. Ҳанӯзам хоби ширини ҷавонӣ сар гарон дорад, Хаёли шуъла мерақсад ҳанӯз аз сози хокистар. Чи бас афсонаҳои оташинам ҳасту хомӯшам, Ки бонге барнаёяд аз даҳони бози хокистар.