Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге
Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге
Гулбаргкамоне, паритовусхаданге.
Пеши кӣ барам шиква аз он наргиси кофар?
Бечора шаҳидам зи дами теғи Фаранге.
Мушкил, ки зи фикри адами хеш бароям,
Дорам саре, аммо ба гиребони наҳанге.
Он ҷилва, ки беруни хаёл аст хаёлаш,
Дидем ба ранге, ки надидем ба ранге.
Муҳтоҷи нафас кард таҳайюр дили моро,
Оина шуд охир ҷараси нолабачанге.
Кулфат набарад раҳ ба дили бодапарастон,
Оинаи мино накашад заҳмати занге.
Найранги баду неки ду олам ҳама аз туст,
Гар бигзарӣ аз хеш, на сулҳест, на ҷанге.
З-ин оинаҳо чанд кашӣ соғари авҳом?
Он беҳ, ки занӣ шишаи тамсил ба санге.
Ҳуш дор, ки бар гӯши азизон натавон хӯрд,
Гар нест суханро асари тиру туфанге.
Гоме ба кушоди хати паргор нарафтам,
Чун нуқта фусурдам ба фишори дили танге.
Гарди рами айш аст, чи саҳрову чи гулзор,
Фурсат ҳама ҷо хун шудаву рехта ранге.
Бедил, хушам аз орази гулгун ба хати сабз,
Фориғ зи маям сохта кайфияти банге.