Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ваҳми ҳастӣ ҳеҷ касро аз тапидан во надошт,

Ваҳми ҳастӣ ҳеҷ касро аз тапидан во надошт, Муҳри болу пар ҳамон ҷуз байзаи анқо надошт. Оламе з-ин базми ибрат муфлису маъюс рафт, Кас нашуд огаҳ, ки чизе дошт бо худ ё надошт. Бекасӣ заҳматпарасти миннати аҳбоб нест, Ёди айёме, ки кас ёд аз ғубори мо надошт. Ҳар чӣ пеш омад, ҳамон рӯ бар қафо кардем сайр, Якқалам дӣ доштем, имрӯзи мо фардо надошт. Даъвии соҳибдилӣ аз ҳарзагӯён ботил аст, То нафас безабт мезад, шишагар мино надошт. Машқи ҳамворӣ дар ин мактаб далели хомушист, То дуруштӣ дошт санги сурма, ҷуз ғавғо надошт. Ҳирс ҳар сӯ раҳ барад, бар симу зар дорад назар, Зоҳид аз фирдавс ҳам матлуб ҷуз дунё надошт. Қонеъон сероби таскин аз зулоле дигаранд, Оби ширине, ки гавҳар дорад, аз дарё надошт. То зи тамкин нагзаранд одобдонони вафо, Шамъи маҳфил дар сар оташ дошт, зери по надошт. То биёбонмарги навмедӣ набояд зистан, Ҳар куҷо рафтем, моро бекасӣ танҳо надошт. Дуриям з-он остон девона кард, аммо чӣ суд? Он қадар хоке ки афшонам ба сар, саҳро надошт. Чун нафас, Бедил, нафасҳо дар тараддуд сӯхтам, Гӯшаи дил ҷои роҳат буд, аммо ҷо надошт.