НАМУД
Пеши рухи ту, эй санам, Каъба суҷуд мекунад,
Дар талаби ту осмон ҷома кабуд мекунад.
Ҳусни малоику башар, ҷилва надошт ин қадар,
Акси ту мезанад дар ӯ, ҳусн намуд мекунад.
Ноз нишаста бо тараб, чеҳра ба чеҳра, лаб ба лаб,
Гӯшаи чашми масти ту гуфтушунуд мекунад.
Эй ту фуруғи кавкабам, тира махоҳ чун шабам,
Дил ба ҳавои оташат, ин ҳама дуд мекунад.
Дар дили бенавои ман, ишқи ту чанг мезанад,
Шавқ ба авҷ мерасад, сабр фуруд мекунад.
Он ки ба баҳр медиҳад, сабри нишастани абад,
Шавқи саёҳату сафар ҳамраҳи рӯд мекунад.
Дил ба ғаме фурӯхтам, появу моя сӯхтам,
Шод зиён харидае, к-ин ҳама суд мекунад.
Атр диҳад ба сӯхтан, нағма занад ба сохтан,
Ваҳ, ки дили ягонаам кори ду уд мекунад.
Мутриби ишқи ӯ ба ҳар парда, ки даст мебарад,
Пардасарои Сояро пур зи суруд мекунад.