Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НАҚШИ ПАРНИЁН

Ҳазор сол дар ин орзу тавонам буд, Ту ҳар чӣ дер биёӣ, ҳанӯз бошад зуд. Ту сахт сохта меоиву намедонам, Ки рӯзи омаданат рӯзии кӣ хоҳад буд? Зиҳӣ, умеди шикебофарин, ки дар ғами ту, Зи умри хастаи ман ҳар чӣ кост, ишқ афзуд. Бад-он ду дида, ки бархезу дасти хун бикшой, К-аз ин бад омада роҳ бурун шудӣ, накшуд. Бурун кашидам аз он варта рахту суд надошт, Ки бар каронаи тӯфон наметавон осуд. Диле ба дасти ту додему ин надонистем, Ки дашнаҳост дар он остини хунолуд. Чӣ нақш мезанад ин пири парниёнандеш, Ки бас гираҳ зи дилу ҷони Соя басту кушуд?