Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФАСЛИ МАСТӢ

Ҳама кору бор як сӯ, ғами зулфи ёр як сӯ, Кашадаш сабо ба як сӯ, занадаш нигор як сӯ. Ба шаби фироқи ҷонон ту бисоти айши мо бин, Майи ноби ашк як сӯ, гули интизор як сӯ. Ба гузаргаҳи хаёлат шабу рӯз менишинанд Нигаҳи хамӯш як сӯ, гули интизор як сӯ. Натавон ба фасли мастӣ зи шароб дил буридан, Ҳаваси гуноҳ як сӯ, нафаси баҳор як сӯ. Пайи сайди оҳуи дил ду бало камин гирифта, Нигаҳаш ниҳон зи як сӯ, мижа ашкбор як сӯ. Ба бисоти шавқ, Фонӣ, ду ҳарифи сахтҷон бин, Мани дилшикаста як сӯ, ғами куҳнакор як сӯ.