ЗАМИН
З-ин пеш шоирони санохон, ки чашмашон
Дар саъду наҳси толеъу сайри ситора буд.
Бас нуктаҳои нағзу суханҳои пурнигор,
Гуфтанд дар ситоиши ин гунбади кабуд.
Аммо замин, ки бештар аз ҳар чӣ дар ҷаҳон,
Шоистаи ситоишу такрими одамист.
Гумному ношинохтаву бе сипос монд,
Имрӯз ин манам, ки ситоишгари туам,
Аз туст решаву рагу хуну хурӯши ман,
Фарзанди ҳақгузори туву шокири туам.
Бас рӯзгор гашту баҳору хазон гузашт,
Ту мондию кушодагии бекаронаат.
Тӯфони Нӯҳ ҳам натавонист шуъла кишт,
Аз оташи гудохтаи ҷовидонаат.
Ҳар паҳлавон ба хок расидаст гурдааш,
Ғайр аз ту, эй замин, ки дар ин саҳнаи ситез.
Мондӣ ба ҷои хеш,
Пайваста зӯрманду гаронсангу устувор,
Фарзанди бадсиголе агар чун ҳаромиён
Бе ҳурмати ту тохт,
Ҳаргиз тиҳӣ нашуд дилат аз меҳри модарӣ,
Бо ҷумла носипосии фарзанди бешинохт.
Оре, замин ситоишу такримро сазост,
Аз ӯст ҳар чӣ ҳаст дар ин паҳнборгоҳ,
Парвардагони доману гаҳвораи ваянд,
Суҳроби паҳлавону Сулаймони подшоҳ.
Эй бас, ки тозиёнаи хунини барқу бод,
Печида дарднок,
Бар гурдаи замин,
Эй бас, ки сели лаб ба каф овардаи абӯс,
Ҷӯшида саҳмнок бар ин хоки саҳмгин.
З-он гуна маргбор, ки пиндоштӣ, дареғ,
Дигар замини ҳамеша тиҳимонда аз ҳаёт,
Аммо замин ҳамеша ҳамон гуна сахтпушт,
Берун кашида тан,
Аз зери ҳар бало,
В-оғӯши бозкарда ба лабханди офтоб.
Заррину пурсаховату сарсабзу дилкушо,