Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДАР СОЯБОНИ СУКУТ

Шафақо, ба домани шуми шаб, шараре бизан, саҳар офарин, Ба қанории зи қафас раҳо, ту дубора болу пар офарин. Ба биҳишт ваъда мадеҳ маро, ман агар биҳиштиям, эй Худо, Зи ҳамин замин, зи ҳамин фазо, ту ҷаҳони хубтар офарин. Ту ба гӯши гул сабақе бидеҳ, ту ба настаран варақе бидеҳ, Ту ба решаҳо рамақе бидеҳ, ту ба шохаҳо самар офарин. Маписанд вазъи хамӯши мо, асаре бидеҳ ба хурӯши мо, Ту бигир пунба зи гӯши мо, ту зи чашми мо назар офарин. В-агар аз шақовати одамӣ, ту ҳам, эй Худо, ба ғам андарӣ, Самадо, ситораи дигаре бигузин, зи нав башар офарин. Башаре, ки чун башарзамин, набувад асири ҷунуну кин, Башаре, ки аз ту ба ростин, бувадаш ба ҷон асар офарин. Чӣ шудӣ ту, эй ғами ошно, макунам ба дасти ҳавас раҳо, Нафасе ба хилвати ман биё, ту ба мижаам гуҳар офарин. Чу расӣ ба зоҳиди пурҳасад, ту магӯ фасонаи хубу бад, Ба масофи душмани бехирад зи сукути худ сипар офарин.