Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бимонад солҳо ин назму тартиб

Бимонад солҳо ин назму тартиб, Зи мо ҳар зарра хок уфтода ҷое. Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад, Ки ҳастиро намебинам бақое. Магар соҳибдиле рӯзе ба раҳмат Кунад дар кори дарвешон дуъое.