Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ақл агар сад анҷуман тадбир равшан мекунад,

Ақл агар сад анҷуман тадбир равшан мекунад, Фикри Маҷнун сатре аз занҷир равшан мекунад. Доғи навмедӣ диле дорам, ки дар ҳар дам задан Шамъҳо аз оҳи бетаъсир равшан мекунад. Оламе чашм аз мазори мо ба ибрат об дод, Хоки мо файзи ҳазор иксир равшан мекунад. Нанги расвоӣ надорад соз, то хомушнавост, Рамзи сад айбу ҳунар тақрир равшан мекунад. Мешавад зоҳир ба пирӣ маънии тӯли амал, Ҷавҳари ин мӯ сафои шир равшан мекунад. Ғофилонро нури таҳқиқ аз саводи фақр нест, Тӯтиё кай дидаи тасвир равшан мекунад? Аз раги гул метавон фаҳмид мазмуни баҳор, Файзи маъниҳои мо таҳрир равшан мекунад. Нола дар дил мехалад имшаб зи заъфи пириям, Шамъи бедоди камонро тир равшан мекунад. Олами дилро иёр аз дастгоҳи нола гир, Вусъати саҳро рами нахчир равшан мекунад. Аз арақ бар ҷабҳа афсуни чароғон хондаем, Базми моро хиҷлати тақсир равшан мекунад. Интизори файзи ишқ аз хомии худ мекашем, Чӯби тарро саъйи оташ дер равшан мекунад. Ҳеҷ кас бар дар назад, Бедил, зи зиндонгоҳи чарх, Аҷзи мо ин хонаи дилгир равшан мекунад.