ҚАТЛИ ДАРЁ
Ба хотираи Саҳбо
Шоири донодилеро,
Шоири дарёдилеро
Ғарқ карданд...
Дар лаби дарё
Сабукборони соҳилҳо –
Гурӯҳи бетаҳаммулҳову камдилҳо
Дошта аз дасту пояш,
Ғарқ бинмуданд андар қаъри дарёяш...
То надонистанд ӯ ҳам буд дарёе,
То надонистанд ӯ ҳам буд дарёи пур аз
фарёду ғавғое...
То надонистанд шоир низ дарёе бувад,
З-инҳисори мову ман ҷӯёи паҳное бувад,
То надонистанд дарёе биомезад ба дарёи дигар,
Мешавад пурзӯртар, пуршӯртар...