Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мерасад аз гиря имшаб дар димоғам бӯи шир,

Мерасад аз гиря имшаб дар димоғам бӯи шир, Равғане оварда бошад пириям бар рӯи шир. Дар талоши ризқ ҳар кас дасту пое мезанад, Пиру ақсоми такупӯ, тифлу ҷустуҷӯи шир. Бо шафақ дорад тавассул, ҳар куҷо моҳи навест, Мехӯрад хунҳо ризоат дар паси зонуи шир. Субҳе аз афсуни он лаъли шакархо дам заданд, Бар забони халқ ҷорӣ гашт гуфтугӯи шир. Хуни мо пирон ҳанӯз ин навҷавонон мехӯранд, Шӯхии тифлӣ надорад серӣ аз паҳлӯи шир. Бар ҳарифон як салое завқи ҳиммат дошт ишқ, Ринд сӯи май равон гардиду зоҳид сӯи шир. Пириям шуғли макиданҳо чу тифлон тоза кард, Дод бедандониям ночор ёд аз хӯи шир. Саъйи Маҷнунам кам аз ҷон кандани Фарҳод нест, Бурдаам то доман аз чоки гиребон ҷӯи шир. Бедил, аз дил гар дами пирӣ ҷунуне гул кунад, Инфиоли зиндагӣ расвотар аст аз мӯи шир.