Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам

Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам, Тобише нав ба нав аз ҳусну ҷамолаш расадам! Ё Раб, ин бӯйи тараб аз тарафи фирдавс аст Ё насимест, ки аз рӯзи висолаш расадам?! Ин зи ишқ аст, ки мағзам зи тараб хира шудаст Ё ки ҷомест, ки аз хамри ҳалолаш расадам?! Ё чу бозест, ки аз ишқ ҳамепарронад Ё кабӯтарбачагон аз пару болаш расадам?! Саркашон аз тарафи ғайб ба ман меоянд, В-ин мададҳо ҳама аз лаззати ҳолаш расадам!