Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТАГБАЙТ

Саҳаргоҳе зи бозигоҳи тифлон, Кӯдакам бо чашми тар баргашт, Ва бо буғзе, ки будаш дар гулӯ пурсид, Бигӯ, бобо, Муҳоҷир чист? Дашном аст, ё ном аст? Аз он пурсиш, Дилам лабрези як фарёди хунин шуд, Ва марвориди ашке аз канори чашми ман, бепарда поин шуд. Вале оҳиста чашмамро ба пушти даст молидам, Ва дар зеҳнам барои он чунон пурсиш ҷавоби нағз полидам. Бад-ӯ гуфтам: Бибин, фарзанди дилбандам, Ту медонӣ, ки Меҳан чист? Бигуфт: Оре, Ту худ рӯзе ба ман гуфтӣ, Ки Меҳан хонаи аҷдодро гӯянд. Задам бӯсе ба рухсораш Ва ғамгинона афзудам: Агар дар як шаби торик, Муште дузду раҳзан, Хонаи боботро сӯзонд, Ва ҳар сӯ оташ афрӯзонд. Ва ту аз ваҳшати дуздон бурун оӣ, Ва шабҳоро ба рӯи сангфарши мардуми дигар биосоӣ, Муҳоҷир мешавӣ, фарзанд, Мусофир мешавӣ, дилбанд. Сиришки тозае чашмони фарзанди маро тар кард, Ва андуҳе равонашро мукаддар кард, В-он гаҳ гуфт: Донистам, Муҳоҷир одами бехонаро гӯянд. Ва ман мисроъи шеъри содаашро сохтам тагбайт, Ва дар зери лаб афзудам, Накӯ гуфтӣ, азизи ман,