Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ПОКДОМАН

Эй ғунча, боғ гаштӣ, хандиданат муборак! Эй зарра, сӯйи хуршед болиданат муборак! Аз хушксолии яъс худро наҷот додӣ, Эй абри дидаи тар, бориданат муборак! Дар базми васл, эй дил, парвонасон расидӣ, Бар гирди шамъи мақсуд гардиданат муборак! Паймони ошноӣ бо навбаҳор бастӣ, Дар боғи гул нишастӣ, гул чиданат муборак! Эй зулфи саркаши ёр, он саркашӣ куҷо шуд? Инак, ба пои ҷонон афтиданат муборак! Эй ишқ, аз дили ман як умр по гирифтӣ, Чун чашма аз дарунам ҷӯшиданат муборак! Фонӣ, ба чашми ҷонон дуздида дил супурдӣ, Эй ринди покдоман, дуздиданат муборак!