Ҳусни дилҷӯят ҷамоли кӯҳсорон боду ҳаст,1
Ҳусни дилҷӯят ҷамоли кӯҳсорон боду ҳаст,1
Чашмасор аз акси рухсорат хурӯшон боду ҳаст.
Мӯи мушкинат чу мегардад парешон аз насим,
Обшор аз шари мӯи ту парешон боду ҳаст.
Ман сари сабзи туро аз арча дидам сабзтар,
Ин сари сабзи ту рашки Арчамайдон боду ҳаст.
Гавҳари мақсуд ҷустам аз дили дарёи ту,
Рӯд аз бегавҳарии худ ғиревон боду ҳаст.
Ҳар гиёҳи кӯҳ баҳри дарди ман дармон нашуд,
Баҳри рафъи дарди ишқи ту дармон боду ҳаст.
Кӯҳ карда дар дили худ сарвату ганҷе ниҳон,
Меҳри ту дар синаи ман ганҷи пинҳон боду ҳаст.
Дилбари тоҷик, мондӣ дар вафоям устувор,
Кӯҳ аз ноустуворияш ҳаросон боду ҳаст.
Пеш агар миодгоҳам домани кӯҳсор буд,
Баъд аз ин марзи тавофам кӯи ҷонон боду ҳаст.