Дар шиква софдил надиҳад рухсати забон,
Дар шиква софдил надиҳад рухсати забон,
Занҷирии ҳаёст ба мавҷи гуҳар фиғон.
Сунбул асири зулфи туро доми ваҳшат аст,
Афъигазида мерамад аз шакли ресмон.
Дар олами хаёли баҳори табассумат
Гулро чу шабнам об шавад ханда дар даҳон.
Кулфатшикори ғайратам аз оҳи беасар,
Бар дил расад, чу тир хато гардад аз нишон.
Чун шамъ баски дар таби ишқат гудохтам,
Маҳмил кашид бар сари табхолам устухон.
Не оби Хизр дораму не чашмаи ҳаёт,
Умрест мехурам дами шамшер чун фасон.
Дар роҳи интизори касе хок гаштаам,
Муште ғубори ман ба саломи чаман расон.
Чун субҳ занги оинаи ҳеҷ кас наям,
Гардун маро ба бенафасӣ кард имтиҳон.
Аз гуфтугӯ талоши ситампеша равшан аст,
Гоҳи хироми тир нафас мезанад камон.
Танҳо на осмон сари таслимҷустуҷӯст,
Афкандааст хок ҳам аз бехудӣ инон.
Бунёди даҳр оинадори сабот нест,
Яксар ғубори гардиши ранг аст осмон.
Найранги эътибори вуҷуду адам туӣ,
Манзил куҷост, гар набувад ҷода дар миён?
Бигзар зи сарбаландии иқболи ин бисот,
То обрӯ чу шамъ нарезӣ ба новдон.
Ҳарчанд дастгоҳ бувад беш, ҳирс беш,
Аз мавҷи баҳр ташналабӣ мекашад забон.
Бедил, зи баҳр миннати соҳил кӣ мекашад?
Бар ҳайратест заврақи мо – бехудон равон.