Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр
Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр,
Хамр асту хумору гулбуну хор.
Ман муътақидам, ки ҳар чӣ гӯӣ,
Ширин бувад аз лаби шакарбор.
Пеши дигаре наметавон рафт,
Аз ту ба ту омадам ба зинҳор.
Айбат накунам, агар бихандӣ
Бар ман, чу бигирям аз ғамат зор.
Шак нест, ки бӯстон бихандад,
Ҳар гаҳ ки бигиряд абри озор.
Ту меравию хабар надорӣ,
В-андар ақибат қулубу абсор.
Гар пеши ту навбате бимирам,
Ҳечам набувад газанду тимор.
Ҷуз ҳасрати он ки зинда гардам,
То пеш бимирамат дигар бор.
Гуфтам, ки ба гӯшае чу санге
Биншинаму рӯи дил ба девор.
Донам, ки муяссарам нагардад,
Ту санг дароварӣ ба гуфтор.
Саъдӣ наравад ба сахтӣ аз пеш,
Бо қайд куҷо равад гирифтор?