Аз қаноат хок бояд кард дар анбони ҳирс,
Аз қаноат хок бояд кард дар анбони ҳирс,
Обрӯ то кай шавад сарфи хамири нони ҳирс?
Ҳеҷ даште нест, к-аз реги равон бошад тиҳӣ,
Барнамеояд ҳисоб аз резиши дандони ҳирс.
Ҳар тараф мижгон кушоӣ, олами хамёза аст,
Аз замин то осмон чокест аз домони ҳирс.
Даъвати фағфур мотамхона кард офоқро,
Мӯканӣ зоил нашуд аз косаҳои хони ҳирс.
Эй ҳарисон, раҳм бар аҳволи якдигар кунед,
Об шуд саъйи нафас, ҷони шумову ҷони ҳирс.
То ба кай бошад касе савдоии суду зиён?
Тахта мегардад ба як хишти лаҳад дуккони ҳирс.
Оламе асбоб бар ҳам чиду з-ин дарё гузашт,
То нафас дорӣ, ту ҳам пул банд аз сомони ҳирс.
Хок ҳам аз шӯхии иброми дом осуда нест,
Аз тасаннуъ
кист пӯшад чашми бемижгони ҳирс?
То набандӣ санг бар дил аз тақозои талаб,
Маънии дилчасп натвон ёфт дар девони ҳирс.
Гаҳ ғами Яъқубу гаҳ нози Зулайхо мекашем,
Юсуфи моро кӣ афканд, оҳ, дар зиндони ҳирс?
Мурдагонро низ савдои қиёмат дар сар аст,
Зинда медорад ҷаҳонеро ҳамин эҳсони ҳирс.
Хоҳ дар кунҷи қаноат, хоҳ дар қасри ғано,
Рӯзаке чандест, Бедил, ҳар касе меҳмони ҳирс.