Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳаргиз ба дастгоҳи назар по намерасад,

Ҳаргиз ба дастгоҳи назар по намерасад, Кӯри асопараст ба бино намерасад. Ҳар тифли ғунча ҳамсабақи дарси субҳ нест, Ҳар соҳиби нафас ба Масеҳо намерасад. Гул хок гашту шӯхии ранги ҳино наёфт, Афсӯси ҷабҳае, ки ба он по намерасад. Ин аст агар ҳақиқати найранги ваъдаат, Моему фурсате, ки ба фардо намерасад. Аз нақши эътибори ҷаҳон сахт содаем, Тимсоли кас ба оинаи мо намерасад. Дар ҷустуҷӯи мо накашӣ заҳмати суроғ, Ҷое расидаем, ки анқо намерасад. Моро чу сел хок ба сар кардан асту бас, То он замон, ки даст ба дарё намерасад. Осудаанд софдилон аз забони халқ, Аз мавҷи май шикаст ба мино намерасад. Якдаст медамад саҳару шоми рӯзгор, Ҳеҷ офате ба ин гули раъно намерасад. Дар гулшане ки ӯст, чӣ шамнам, кадом ранг? Яъне, дуои бӯи гул он ҷо намерасад. Рамзи даҳони ёр зи мо-бехудон мапурс, Табъи сақими мо ба муаммо намерасад. Зоҳид, димоғи тавба ба Кавсар расондаӣ, Маъзур, к-ин хаёл ба саҳбо намерасад. Охир ба ранги нақши қадам хок гаштан аст, Оина пеши пову касе вонамерасад. Бедил, ба арзи ҷавҳари асрори хубу зишт Оинае ба сафҳаи симо намерасад.