Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Яке имрӯз комрон бинӣ

Яке имрӯз комрон бинӣ, Дигареро дил аз муҷоҳада реш. Рӯзаке чанд бош, то бихурад Хок мағзи сари хаёландеш. Фарқи шоҳию бандагӣ бархост, Чун қазои нибишта омад пеш. Гар касе хоки мурда боз кунад, Нанамояд тавонгару дарвеш!