Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФАЗОИ ТАШНАИ БОҒ

Барои устод Восифи Бохтарӣ Чӣ қадар зи оташу хун, чӣ қадар зи дуд гӯям? Ту биё, ки бо ту имшаб ғазалу суруд гӯям. Ту биё, ки аз гулӯям, ғами куҳнаро бишӯям, Ба ту з-он чӣ ҳаст гӯям, на аз он чӣ буд, гӯям. Манишин ба интизорам, бинишин ту дар канорам, Ки на айби кас шуморам, на бади ҳасуд гӯям. Зи ту гар ҷудо нишинам, ҷаҳад оташ аз ҷабинам, Ҳамаро сиёҳ бинам, ҳамаро кабуд гӯям. Ту биё, ки бо ҳузурат, равад аз дилам кудурат, Ҳамаро сутуда хонам, ҳамаро дуруд гӯям. Чӣ қадар ба хок гуфтан, чӣ қадар ба хок хуфтан? Ба ту имшаб аз шукуфтан, ба ту аз суъуд гӯям. Зи фазои ташнаи боғ, шабу рӯз қисса гуфтам, Нафаси зуъудати об ба масири руд гӯям.