Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МАРСИЯИ ҶАНГАЛ

Имшаб ҳама ғамҳои оламро хабар кун, Биншину бо ман гиря сар кун, Гиря сар кун. Эй ҷангал, эй анбуҳи андуҳҳои дерин, Эй чун дили ман, эй хамӯши гиряогин. Сар дар гиребон дар паси зону нишаста, Абрӯ гираҳ афканда, чашм аз дард баста. Дар пардаҳои ашк пинҳон карда болин. Эй ҷангал, эй дод, Аз ошёнат бӯи хун меоварад бод. Бар боли сурхи кашгарак пайғоми шумест, Он ҷо чӣ омад бар сари он сарви озод? Эй ҷангал, эй шаб, Эй беситора, Хуршеди торик, Ашки сиёҳи каҳкашонҳои гусаста, Ойинаи деринаи зангорбаста, Дидӣ чароғеро, ки дар чашмат шикастанд? Эй ҷангал, эй ғам, Чанги ҳазоровои боронҳои мотам, Дар сояафканди кадомин норбун рехт, Хун аз гулӯи мурғи ошиқ? Мурғе, ки мехонд, Мурғе, ки бо овозаш аз кунҷи қафас парвоз мекард, Мурғе, ки мехост, Парвоз бошад. Эй ҷангал, эй ҳайф, Ҳамсояи шабҳои талхи номуродӣ, Дар остони сабзи фарвардин, дареғо, Он ғунчаҳои сурхро барбод додӣ. Эй ҷангал, эй пайваста поиз, Эй оташи хес, Эй сурху зард, эй шуълаи сард, Эй дар гулӯи абру маҳ фарёди хуршед, То кай ситам бо мард хоҳад кард номард? Эй ҷангал, эй дар худ нишаста, Печида бо хомӯшии сабз, Хобида бо руъёи рангини баҳори нағмапардоз,