Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чизе аз худ ҳар қадам зери қадам гум мекунам,

Чизе аз худ ҳар қадам зери қадам гум мекунам, Рафта-рафта, ҳар чӣ дорам, чун қалам гум мекунам. Бенасиби маъниям, к-аз лафз меҷӯям мурод, Дил агар пайдо шавад, дайру ҳарам гум мекунам. Эй ҳавас, дуди таайюн бар димоғи ман мапеч, Зери ин парчам чу шамъ охир алам гум мекунам. Ташнакоми ҳирс мемирад қаноат то абад, Як арақ гар аз ҷабини шарм нам гум мекунам. Даъвии Хизри тариқат буданам овора кард, Андаке гар гум шавам, ин роҳ кам гум мекунам. То ғубори водии Маҷнун ба ёдам намерасад, Осмон бар сар, замин зери қадам гум мекунам. Рангу бӯ чизе надорад ғайри аҷзои баҳор, Ҳар чӣ аз худ гум кунам, бо ӯ ба ҳам гум мекунам. Дил намемонад ба дастам, тоқати дидор ку? То ту меоӣ ба пеш, оина ҳам гум мекунам. Олами сурат бурун аз пардаи танзеҳ нест, Дар самад дорам тамошо, гар санам гум мекунам. Қосиди мулки фаромӯшӣ касе чун ман мабод, Номае дорам, ки ҳар ҷо мебарам, гум мекунам. Дам мазан аз ҷустуҷӯйи шавқи бепарвои ман, Ҳар чӣ меёбам зи ҳастӣ то адам, гум мекунам. Бар рафиқон, Бедил, аз мақсад чӣ сон орам хабар? Ман ки худро низ, то он ҷо расам, гум мекунам.