БАНД КАРДАНИ ФАРИДУН ЗАҲҲОКРО
Ҷаҳондор Заҳҳок аз он гуфтугӯй
Ба ҷӯш омаду тез бинҳод рӯй.
Бифармуд, то барниҳоданд зин
Бар он роҳпӯёни борикбин.
Биёмад дамон бо сипоҳи гарон,
Ҳама наррадевону ҷанговарон.
Зи бероҳ мар кохро бому дар
Гирифту ба кин андаровард сар.
Сипоҳи Фаридун чу огаҳ шуданд,
Ҳама сӯи он роҳи бераҳ шуданд.
Зи аспони ҷангӣ фурӯ рехтанд,
Дар он ҷои тангӣ баровехтанд.
Ба ҳар бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе к-аш зи ҷанговарӣ баҳр буд,
Ҳама дар ҳавои Фаридун буданд,
Ки аз ҷаври Заҳҳок пурхун буданд.
Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй - андарун теғу тири ҳаданг
Биборид чун жола з-абри сиёҳ,
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Ба шаҳр - андарун ҳар кӣ барно буданд,
Чу пирон, ки дар ҷанг доно буданд,
Сӯи лашкари Офаридун шуданд,
Зи найранги Заҳҳок берун шуданд.
Зи овози гурдон битӯфид кӯҳ,
Замин шуд зи наъли сутурон сутӯҳ.
Ба сар-бар зи гарди сияҳ абр баст,
Ба найза дили санги хоро бихаст.
Хурӯше баромад зи оташкада,
Ки бар тахт агар шоҳ бошад дада,
Ҳама пиру барнош фармон барем,
Якояк зи гуфтори ӯ нагзарем.
Нахоҳем бар гоҳ Заҳҳокро,
Мар он аждаҳодӯши нопокро.
Сипоҳиву шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ,
Саросар ба ҷанг - андарун ҳамгурӯҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира гард
Баромад, ки хуршед шуд лоҷвард.