ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ ҶАҲОН
Ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Набӣ Акрамов
Саҳни мардонагӣ ҳама дунёст,
Азми мардонагӣ дигаргун аст.
Ҷуръати қаҳрамонӣ кампайдост,
Соҳати қаҳрамонӣ афзун аст.
Зиндагӣ имтиҳони ҷовидон,
Дар баҳояш баҳои ҷон гирад.
Қаҳрамон аст ҳар касе, ки дар он
Қаҳрамонӣ наҷуста, мемирад.
Мисли он ошиқе, ки то бошад
Пеши дилдори хеш ҷон дар каф,
Моту мабҳуту сина пур аз сӯз
«Дӯст дорам» нагуфта, хоҳад рафт.
Орзуе, ки қаҳрамон бошанд,
Бештар орзуи тарсуҳост.
Қаҳрамонӣ зи бас бари онон
Худнамоӣ ба назди бонуҳост.
Лек мардони мард дар ҳар ҳол
Пешмаргони разми айёманд.
Қаҳрамонӣ накарда ҳам гузаранд,
Боз ҳам қаҳрамони хушноманд.
Қаҳрамонӣ на дар ҳаёҳуи пуч,
Қаҳрамонӣ дар андарун бошад.
Хориҷ аз ҳадди орзую хаёл,
Хориҷ аз ҳадди озмун бошад.
Орзуе, ки орзуят буд,
Ногаҳон рӯ ба рӯт меояд.
Бирабудан агар натонӣ зуд,
Оҷизии туро набахшояд.
Лаҳзае, ки зи ҷовидон бар ту
Мерасад то ба ҷовидон бирасӣ;
Лаҳзае, ки зи ҳифзи як каф хок
Ба дифои ҳама ҷаҳон бирасӣ;
Дар давоми тамоми умри кас
Боре эҳдо шавад ва ё нашавад.
Боз ин лаҳза иттифоқ афтад,
Лек шояд туро раво нашавад.