Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АБРҲО

Эй хамидақоматон! Оё зи тарси муҳтасиб ба саҷда сар ниҳодагонро, Чӣ солҳо, ки дар итоати Худову сояҳои Худо, Камони қомати шумо хамида монд. Ва аз намозҳои беҳузуратон Чи ғурфаҳо, ки дар биҳишт нохарида монд. Навои нои рӯҳи саршикастаи шумо, Аз он ба гӯши осмониён намерасад, К-аз он фариштасиратон, Ки дар намози пеши рӯятон ситода мешаванд, Шумо фақат Фароизу рукуъу саҷдаро фаро гирифтаед, Вале фаризаи қиёмро зи ёд бурдаед. Аё хамидақоматон! Аё ба чоҳи сарнавишти шуми бандагӣ фитодагон, Шабе намози хешро, Ба пушти коҷи сабзи ҷангали умед, иқтидо кунед. Ва ҳамчу раъд Аз фарози минбари баланди абр, Ба гӯши ҳар ниҳоли наврасидае садо кунед: Ки зинҳор, Эй ҷавонаҳо, Сари баланду сабзатон, Зи тундбоди ҳодисот хам мабод. Ва аз намозҳоятон, Фаризаи қиём кам мабод. Агар ки дасти ҳодиса Шабе ба поятон табар занад, Қиёмро ба ҳамдигар сабақ диҳед, Ва чун санавбари ҷавон, Ситода ҷон ба Ҳақ диҳед.