Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Нафаси булҳавасон бар дили равшан теғ аст,

Нафаси булҳавасон бар дили равшан теғ аст, Шамъи афрӯхтаро ҷунбиши доман теғ аст. Шишаро саркашии хеш нишондаст ба хун, Гардани беадабонро раги гардан теғ аст. Миннати сояи иқбол зи оташ кам нест, Гар ҳумо бол кушояд ба сари ман, теғ аст. Хоки таслим ба сар кун, ки дар ин дашти ҳалок Ту надорӣ сипару дар кафи душман теғ аст. Натавон аз нафаси сӯхтагон эмин буд, Дуди ин хона чу барҷаст зи равзан, теғ аст. Акс хунест фурӯ рехта аз пайкари шахс, Гар ҳама оина созанд зи оҳан, теғ аст. То мухолиф зи мувофиқ қадаме фосила нест, Дар гулӯ об чу истод зи рафтан, теғ аст. Кӯҳ аз нолаву фарёд намеосояд, Чӣ кунад, бар сари ин пои ба доман теғ аст? Зулфиқоре дигар аст, он ки кунад қатъи амал Варна, миқроз ҳам аз баҳри буридан теғ аст. Кулфати зиндагӣ аз марг батар мебошад, Шамъи моро зи сари худ нагузаштан теғ аст. Сатри хуне зи парафшонии бисмил хондем, Ки гар аз хеш равӣ, ҷодаи равшан теғ аст. З-ин надомат, ки ба васле нарасидам, Бедил, Ҳар нафас дар ҷигарам то дами мурдан теғ аст.