Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Нимаҷону нимадил то остонат рафтаам,

Нимаҷону нимадил то остонат рафтаам, Даст бар дил бурдаву то достонат рафтаам. Ларз-ларзон бо ҳама озурдаҷониҳои хеш То ба оғӯши тапишҳои ҷавонат рафтаам. Хира дида роҳи худ дар ин ҷаҳони хиракуш Бо дили хун пеши рӯи хунчаконат рафтаам. Дигар аз дастам намеояд чу байти тозае, Аз барои қарзи байти абрувонат рафтаам. Ошёни охиринам дур не, айбам макун, Пеш аз он ошён бар ошёнат рафтаам. Мижжа бар ҳам мезанӣ як ону мебинӣ, ки ман Аз заминат рафтаам, аз осмонат рафтаам.