Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

РАФТ

(Ба ёди шодравон дуктур Забҳуллоҳ Сафо, донишманд ва пажӯҳишгари забони форсӣ) Шаби дӯшин, ки пеши чашми ман, ашбоҳи рангоранг, рӯи шиша рақсон буд, Парастуи хаёлотам, надонам, дар куҷо саргарми ҷавлон буд? Азизе дод пайғомам, ки нашнидӣ, Сафо аз ҷамъи ёрон рафт. Ғубори ғусса чун дар пардаи зеҳнам ҳувайдо шуд, Шарики ғуссаҳоям, ҳамсарам, з-он қисса ҷӯё шуд. Бад-ӯ гуфтам: Сафо, он паҳлавони арсаи фарҳанг, Ки торихи адаб дар порсӣ аз хомааш ҷӯшид Аз ин дайри фано кӯчид. Сафо аз ҷамъи ёрон рафт Ва инак чилчароғи дигаре аз ин шабистон рафт. Нигоҳи кунҷкови ҳамсарам ранги тааҷҷуб дошт, Ва он эъҷобро бепарда бо ман дар миён бигзошт. Ба оромӣ бароям гуфт: Дар ин дунёи пуртазвир, Миёни ин арӯсакҳои саргардон, Ки бо ҳар соз мерақсанд, Ва арзишҳо ба пул андоза мегарданд, Ту пиндорӣ Сафо дар ҷамъи ёрон буд? Сафо аз дергоҳе аз ҷаҳони мо сафар карда, Сафоро солҳо шуд, Кас миёни мардуми дунё намебинад, Шумо имрӯз аз марги Сафо гӯё парешонед.