Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем

Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем В-аз ғурбати аҷсом ба Аллоҳ расидем! Бо асп бад-он шоҳ касе чун нарасидаст, Мо асп бидодему бад-он шоҳ расидем! Чун абр басе ашк дар ин хок фишондем В-аз абр гузаштему бад-он моҳ расидем! Ай таблзанон, навбати мо гашт, бикӯбе! В-ай турк, бурун о, ки ба хиргоҳ расидем! Якчанд чу Юсуф ба буни чоҳ нишастем, З-он сар расан омад, ба сари чоҳ расидем! Мо чанд санам пеши Муҳаммад бишикастем, То дар санами дилбари дилхоҳ расидем! Наздиктар оед, ки аз дур расидем В-аҳвол бипурсед, ки аз роҳ расидем!