Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ИШҚИ МАН

Эй ишқи ман, эй ишқи ман, Дар осмон ҷустам туро. Бигзаштам аз сад баҳру бар Дар сад ҷаҳон ҷустам туро. Пайдот кардам дар замин – Дар чашми ёри маҳҷабин. Эй ишқи ман, эй ишқи ман, Ҳар ҷо нишонат кофтам. Рафтам ба пушти кӯҳи Қоф, Аз бекаронат кофтам. Пайдот кардам дар замин – Дар чашми ёри маҳҷабин. Эй ишқи ман, эй ишқи ман, Дар ҷустуҷӯят сӯхтам. Бо номи ту дар осмон Сад ахтаре афрӯхтам. Пайдот кардам дар замин – Дар чашми ёри маҳҷабин.