Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

СОҚИНОМАИ ИМРӮЗИН

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки наздик созад раҳи дури мо. Бидеҳ, соқӣ, он май, ки мун Мо шавем, Ҳама дар такопӯи фардо шавем, Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем, Ҳама қатраҳоему дарё шавем, Ҳама волаи ҳусни воло шавем, Зи пастии худкомӣ боло шавем. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки наздик созад раҳи дури мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бино шавад дидаи кӯри мо. Бидеҳ соғаре, то нишотам диҳад, Зи марги муаллақ баротам диҳад, Зи шарри камонҳо наҷотам диҳад, Ба саҳни чаманҳо бисотам диҳад, Ба матни замона суботам диҳад, Ба батни замона ҳаётам диҳад. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки бино шавад дидаи кӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад хонаи гӯри мо. Бидеҳ он сабӯе, ки нирӯ диҳад, Равонро маконе зи минӯ диҳад, Ба ҳар оҳамон доди ёҳу диҳад, Амонмон зи ҳар ҷурму оҳу1 диҳад, Ба миллат раҳу рӯи яксӯ диҳад, Ба бешу ками мо тарозу диҳад. Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки равшан шавад хонаи гӯри мо! Бидеҳ, косагул, оби ангури мо, Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо. Бидеҳ косае, то писарҳои мо Бибошанд ҳар ҷо сипарҳои мо; Ки тифлони ширу шакархои мо Биболанд пеши назарҳои мо; Ки пайваста бошад сафарҳои мо