Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба нумӯ саре надорад гули боғи кибриёӣ,

Ба нумӯ саре надорад гули боғи кибриёӣ, Надамидаӣ ба ранге, ки бигӯямат куҷоӣ? Пайи ҷустуҷӯйи анқо ба куҷо тавон расондан? На суроғи фаҳм равшан, на чароғи ошноӣ. Раҳи дашти ишқу он гаҳ мани гашта гум дар ин раҳ, Ба сари чӣ хор бандам алами бараҳнапоӣ? Зада офтобу анҷум ба қабули боргоҳат Зи сари бурида бар сар гули толеъозмоӣ, Сари решаам, надонам, ба куҷо қарор гирам? Таҳи хок ҳам наёсуд гули завқи худнамоӣ. Зи шукӯҳи мулки сурат сару барги нозам ин бас, Ки зи хоки аҳли маънӣ кунам обрӯ гадоӣ. Ҳама тан чу соя зангам, ба сафо чӣ нисбати ман? Магарам зананд сайқал ба қабули ҷабҳасоӣ. Мани бехабар куҷоям, ки дари дигар кушоям? Зи ту ончи вонамоям, туӣ, он ки вонамоӣ. Зи ҷаҳон рамидам, аммо нараҳидам онқадарҳо, Ки ҳанӯз ҳамчу субҳам қафасест ё раҳоӣ? Хиради фусурдаҷавлон чӣ диҳад суроғи ирфон? Бидарад магар гиребон зи ҷунуни норасоӣ. Чӣ шигарфдилрабоӣ, чӣ қиёматошноист? На зи мост олами ту, на ту аз ҷаҳони моӣ. Баму зери сози имкон ба адабгаҳи саноят Арақе дамонда берун зи ҷабини тарсадоӣ. Ба сад анҷуман манумо сару барги мост якто, Ҳама мавҷи як муҳитем, ҳама халқи як Худое. Ба муҳити ишқ, ё Раб, зи чӣ обрӯ биболем? Чу ҳубоб карда урён ҳамаро тунукридоӣ. Зи висоли меҳри тобон чӣ расад ба соя, Бедил? Равам аз худу ту гардам, ки ту дар канорам оӣ.