Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҷуғди вайронаи хаёли худем,

Ҷуғди вайронаи хаёли худем, Парфишон, лек зери боли худем. Шамъи бахти сияҳ чӣ афрӯзад? Оташи мурдаи зуголи худем. Ранг ку, то адам бигардонад, Оламе рафту мо ба ҳоли худем. Ғами авҷу ҳазизи ҷоҳ кирост? Ишрати фақри безаволи худем. Ку қиёмат, чӣ маҳшар, эй ғофил, Фурсатандеши моҳу соли худем. Даври моро на субҳаест, на ҷом, Гардиши ранги инфиоли худем. Бода дар ҷому нашъа махмурӣ, Ҳаҷрпарвардаи висоли худем. Баҳр дар ҷайбу хок лесидан, Чӣ қадар ташнаи зулоли худем. Ғайри мо кист, ҳарфи мо шунавад? Гуфтугӯи забони лоли худем. Дурӣ аз худ қиёмат аст ин ҷо, Бе ту заҳматкаши хаёли худем. Шамъу осудагӣ, чӣ имкон аст? То саре ҳаст, поймоли худем. Аз кӣ хоҳем доди нокомӣ? Бедили бекасимаоли худем.