Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Фиғон аз ғаму дарду доғи ҷудоӣ,

Фиғон аз ғаму дарду доғи ҷудоӣ, Ки з-ӯ шуд ба сад меҳнатам ошноӣ. Ҷудоӣ зи ҳар чиз мумкин бувад, лек Киро ҳаст ёрои аз ҷон ҷудоӣ? Зи ҷонон ҷудо кас чӣ сон зинда монад? Зи ҷонон ҷудоист аз ҷон ҷудоӣ. Ҷудоӣ ба ҳар ҳол мушкил, хусусан Зи ҷонон ҷудоӣ пас аз ошноӣ, Ба васлу ба ҳаҷр аз ту осудагӣ нест, Ту, эй ишқ, бар ҷони ман як балоӣ! Ту, эй васл, нағзӣ! Вале бесуботӣ! Ту, эй ҳаҷр, дардӣ! Вале бедавоӣ! Ба водии андуҳ саргашта гаштем, Ту, эй раҳбари хуррамӣ, дар куҷоӣ?! Ҳамин аст фарёди ман то ба мурдан: «Фиғон аз ҷудоӣ, фиғон аз ҷудоӣ!».