КОБУС
Мепарад нили шаб аз хокистари сарди саҳар
В-аз нуҳуфти ин маҳолуди абӯс.
Метаровад субҳи ранговар,
Вопасин фарёди мурғи ҳақ,
Мечакад бо лахтаҳои хун,
Рӯи хокистар
В-аз ҳароси рӯзи дигаргун,
Метапад чун чашмаи симоб,
Чашми ҳар ахтар.
Рӯи ҳар девор,
Истода сояе чун ваҳшати кобӯс,
Кӯру кингустар.
В-аз садои пои ҳар обир,
Дар кисвати пурҳароси хеш меларзанд,
Сояҳои шуми хавфовар,
Дар ҳамин ҳангом,
Аз сипеҳри нилии зартор,
Метаровад субҳи озаргун,
Зери пои марди чакмапӯш,
Чӯбаҳои дор мерӯяд,
Мешукуфад хун.