МЕҲРГИЁҲ
Эй моҳ, шабе мӯниси хилватгаҳи мо бош!
Дар ойинаи аҳли назар чеҳранамо бош!
Кори дили ман бин, ки гираҳ дар гираҳ афтод,
Гесӯ бикушову бинишин, чеҳранамо бош!
Ҷоме зи лаби хеш ба мастони ғамат бахш,
Гӯ, коми дили сӯхтае чанд раво бош!
Эй рӯҳ, Масеҳонафасе дар наи мо дам,
Дар синаи ин холии хомӯш наво бош!
Чашмам чу қадаҳ бар лаби нӯшат нигарон аст,
Эй соқии сармаст, шабе низ маро бош!
Мастему надонем шаб аз чанд гузаштаст,
Пур кун қадаҳе дигару бечуну чаро бош!?
Эй дил, зи сари зулфи бутон кор биёмӯз,
Бо ин ҳама занҷир ба рақс ою раҳо бош!
Чун хол, ки бар кунҷи лаби ёр хуш афтод,
Эй нукта, ту ҳам дар даҳани дӯст ба ҷо бош!
Ойинаи мо занги кудурат напазирад,
Эй ғам, ба рухи Соя сиришке зи сафо бош!
То зиндадилон доруи дил аз ту биҷӯянд,
Эй шеъри дилангез, ҳамон меҳргиё бош!