ГУРЕЗ
Аз ҳам гурехтем
В-он нозанин пиёлаи дилхоҳро,
Бар хок рехтем,
Ҷони ману ту ташнаи пайванди меҳр буд.
Дардо, ки ҷони ташнаи худро гудохтем.
Бас дарднок буд ҷудоӣ миёни мо,
Аз ҳам ҷудо шудему бар ин дард сохтем.
Дидори мо, ки ин ҳама шавқу умед дошт,
Инак, нигоҳ кун, ки саросар малол гашт.
В-он ишқи нозанин, ки миёни ману ту буд,
Дардо, ки чун ҷавонии мо поймол гашт.
Бо он ниёз, ки ман доштам ба ту,
Парҳези ошиқонаи ман ногузир буд.
Ман борҳо ба сӯи ту бозомадам, вале
Ҳар бор дер буд.
Инак, ману туем ду танҳои бенасиб,
Ҳар як ҷудо гирифта раҳи сарнавишти хеш.
Саргашта дар кашокаши тӯфони рӯзгор,
Гум карда ҳамчу Одаму Ҳавво биҳишти хеш.