Ин баҳрро як оина дашти сароб гир,
Ин баҳрро як оина дашти сароб гир,
Гар ташнаӣ, чу обила аз хеш об гир.
Бунёди ҷисм дар гузари сели нестист,
Хоҳӣ, имораташ куну хоҳӣ, хароб гир.
Гар зиндагӣ ҳамин назаре боз кардан аст,
Рав, бар дари адам зану чашме ба хоб гир.
З-ин истиқомате, ки ту бар хеш чидаӣ,
Чун ашки бар сари мижа по дар рикоб гир.
Гулчинии хаёл ба уммед вогузор,
Чун яъс аз гудози ду олам гулоб гир.
Мамнуни чархи сифла шудан сахт хиҷлат аст,
То аз асар тиҳист дуо, мустаҷоб гир.
Кайфияте ба нашъаи ирфон намерасад,
Чашме ба хеш во куну ҷоми шароб гир.
Дар хок ҳам зи маънии худ бехабар мабош,
Аз ҳар нишони по нуқати интихоб гир.
Селоб хуш иморати вайрона мекунад,
Эй чашми тар, ту ҳам гили моро дар об гир.
Ҷуз чоки дил нишемани анқои ишқ нест,
Чун субҳ соз кун қафасу офтоб гир.
Олам тамом хонаи зин эътибор кун,
Яъне, қадам ба ҳар чӣ гузорӣ, рикоб гир.
Хомӯшият назар ба яқин боз кардан аст,
Оинае ба забти нафас чун ҳубоб гир.
Қосид, саводи номаи ушшоқ нестист,
Бардор мушти хок зи роҳу ҷавоб гир.
Бедардӣ аз хиёнати аъмоли зиндагист,
Аз ҳар нафас ки нола надорад, ҳисоб гир.
Аз нася файзи нақд набурдаст ҳеҷ кас,
Бедил, ту май хуру дили зоҳид кабоб гир.