Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд

Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд. Зиндаст номи фаррухи3 Нӯшинравон ба хайр, Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд. Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр, З-он пештар, ки бонг барояд фалон намонд.