Чист мурдан? Мунфаил аз ҳастии козиб шудан,
Чист мурдан? Мунфаил аз ҳастии козиб шудан,
Майкашӣ кардан ду рӯзе, баъд аз он тоиб
шудан.
Одамиро то фано бояд муриди ваҳм зист,
Ҳар чӣ бинад ҳирс, маҷбур аст дар толиб шудан.
Дарди сар бисёр дорад олами савту садо,
Сурма ногардида натвон бар сухан ғолиб шудан.
Бенишонӣ ҳам ба пеши халқ номе доштаст,
Нест з-ин ҷо, гар ҳама анқо шавӣ, ғоиб шудан.
Зиндагӣ шавқ аст, аз хавфу раҷо
озод бош,
Маҳрами ислом напсандад ба худ роҳиб
шудан.
Сарнавишти ҳастӣ аз идроки мо пӯшидаанд,
То куҷо хоҳӣ хати мавҳумро котиб шудан?
Нисбати итлоқ бо тақйид пурсидам зи ишқ,
Гуфт: Мумкин нест мумкин
низ бе воҷиб шудан.
З-ин сафопардозӣ, эй оина, зангорат хуш аст,
Муддао таҳқиқ, он гаҳ аксро ҷозиб шудан.
Даъвӣ осон кард, Бедил, пеши мавзунони Ҳинд
Мисраи чанде фароҳам кардану Соиб шудан.