Аз худсарӣ мачинед идбор то ба гардан,
Аз худсарӣ мачинед идбор то ба гардан,
Халқест з-инчунин сар безор то ба гардан.
Эй ғофилон, гар ин аст осори сарбаландӣ,
Фарқе наметавон ёфт аз дор то ба гардан.
Таслими теғи тақдир з-ин бештар чӣ бошад?
Чун мӯст пайкари мо як тор то ба гардан.
З-ин саркашӣ ки дорад табъи ҷунунсириштат,
Офот ҳамчу силист дар кор то ба гардан.
Тамкин намеписандад ҳангомаи руунат,
З-ин вазъ зери теғ аст куҳсор то ба гардан.
Фардост, хоки ин дашт по бар сарат шикастаст,
Имрӯз дар таҳи пош ангор то ба гардан.
Халқест, з-ин ҷунунзор урёни бетамизӣ;
Дастор то ба зону, шалвор то ба гардан.
Ранҷи халоби
дунё масти баҳонаҷӯист
То по ниҳӣ, ки рафтӣ якбор то ба гардан.
Минои ин харобот бе май наметавон ёфт,
Дар хун нишастагонанд бисёр то ба гардан.
Гар ҳирси ботааллуқ дорад сари тамаллуқ,
Чандеш пой дар гил бигзор то ба гардан.
Мавҷи гуҳар чӣ миқдор аз об сар барорад?
Дорад бинои иқбол девор то ба гардан.
То банд-бандат аз ҳам чун субҳа во нагардад,
Ақди аномили
яъс бишмор то ба гардан
То зиндагист, чун шамъ эмин наметавон зист.
Як кӯча оташ аз пост ин хор то ба гардан,
Дар халқ агар ба ин буъд
берабтии вифоқ аст,
Пайғоми сар тавон бурд душвор то ба гардан.
Ку силии заруре ё теғи имтиҳоне?
Халқе нишаста ин ҷо бекор то ба гардан.
Ку тоате, ки моро то кӯйи ӯ расонад?
Тасбеҳ то забон аст, зуннор то ба гардан.
Беди баҳори яъсем, аз бебарӣ мапурсед,
Аъзо ба хам шикастем з-ин бор то ба гардан.
Ранги ҳинояш имшаб сайри баҳори нозест,