Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ГӮРИ РОНАНДА

Дар камаргоҳи баланди кӯҳҳо, Дар хами роҳи нишеби партгоҳ Гӯри як ронандаи берӯзиест, К-аз фалокат мурда андар нимароҳ. Чанбари фармон1 раҳо гашта зи даст, Марг оварда зи чархи чанбараш. Чархи мошин рафта аз фармони ӯ Ҳамчу ҳукми чархи гардон бар сараш. З-ин шикасти ногаҳон бишкастааст Чанбари фармон ба сони ними моҳ, Ними фармон маҳчасон бар гӯри ӯст Чун нишони ними умру ними роҳ...
ГӮРИ РОНАНДА | Шоирон