Ҳайфи нақди зиндагонӣ, ҳайф, ҳайф,
Ҳайфи нақди зиндагонӣ, ҳайф, ҳайф,
Рафт аз каф ногаҳонӣ, ҳайф, ҳайф!
Дар замин умрам ба сархорӣ гузашт
Бо хаёли осмонӣ, ҳайф, ҳайф!
Ошнои ошу нон бисёр буд,
Сӯхтам бе ёри ҷонӣ, ҳайф, ҳайф!
Сактаи дил омаду дилбар бирафт,
Ку дилу ку дилситонӣ? Ҳайф, ҳайф!
Гул ба гесӯи парирӯ мезадам,
Ку гулу ку гулфишонӣ? Ҳайф, ҳайф!
Аз нигоҳам санг оташ мегирифт,
Ку дигар фарри ҷавонӣ? Ҳайф, ҳайф!
Омадам, рафтам чу об аз рӯи санг,
Ҳайф аз ин бенишонӣ, ҳайф, ҳайф!