Нест эмин аз бало, ҳар кас ба фикри ҷустуҷӯст,
Нест эмин аз бало, ҳар кас ба фикри ҷустуҷӯст,
Рӯзу шаб гирдобро аз мавҷ ханҷар бар гулӯст.
Дар тамошое ки моро бори
ҷуръат додаанд,
Орзу дар сина хор асту нигаҳ дар дида мӯст.
Ҷодаи каҷ раҳравонро сархати ҷонкоҳӣ аст,
Боиси ошӯби дилҳо печутоби орзуст.
Он чи натвон дод ҷуз дар дасти маҳбубон, дил аст,
В-он чи натвон рехт ҷуз дар пойи хубон, обрӯст.
Бар фиреби арзи ҷавҳар гирди пуркорӣ магард,
Оина бе ҳусн натвон ёфтан, то содарӯст.
Ҳусни берангест дар ҳар ҷо ба ранге ҷилвагар,
Дар дили санг ончи мебинӣ шарар, дар ғунча бӯст.
Ғайри ҳайрат обёри мазраи ушшоқ нест,
Чун раги ёқут ин ҷо реша дар хуни нумӯст.
Бе фано натвон ба кунҳи маънии ашё расид,
Оина гар хок гардад, бо ду олам рӯбарӯст.
Дар ибодатгоҳи мо, к-он ҷо ҳавасро бор нест,
Нақши хеш аз лавҳи ҳастӣ гар тавон шустан, вузӯст.
Хору хасро эътиборе нест ғайр аз сӯхтан,
Обрӯи мазраи мо барқи истиғнои ӯст.
Ғафлати мо пардадори айби биноӣ хуш аст,
Чоки домони нигаҳро бастани мижгон руфӯст.
Чун забони хома, Бедил, дар кафи устоди ишқ
Бо камоли нуктасанҷӣ бехабар аз гуфтугӯст.