Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?!

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?! Оташи сода аҷабтар ё рухи ман ранг-ранг?! Барқи он рухро чи нисбат бо рухони зард-зард?! Тунги шаккарро чи нисбат бо дили бас танг-танг?! Маҳ барои Муштарӣ бар тахти дил, бар тахти дил, Сад ҳазорон ҷони ҳайрон гирди тахташ данг-данг! Кӯҳи Тури ҷонҳо савдои ӯ, савдои ӯ, Андар он куҳ баҳри лаълаш меҷаҳад ҷон санг-санг. Сайқали ишқи варо бигзин, ки то з-ойинаат Зуд биздояд ба лутфи хештан ӯ ранг-ранг!