СЕ НОЗАНИНИ ШАРҚ
Нақл кунам сурати се нозанин,
Сурати се ҳусни самову замин.
Сурати се муъҷиза, се нодира,
Сурати се лавҳаи хушманзара.
Сурати се воқеаи безавол,
Сурати се рӯзи саиди висол.
Сурати се замзамаи Шарқро,
Шарқи фурӯзандатар аз барқро.
Бандаи дирӯза зани Шарқ буд,
Дар сари он зан кафани Шарқ буд.
Рӯйи зани Шарқ, ки дар парда буд,
Ҳусни варо парда панаҳ карда буд.
Бе рухи зан Шарқ баҳоре надошт,
Зан ба ғами Шарқ қароре надошт.
Модари Машриқ ба ин сарзамин
Дод агарчи зани зеботарин,
Шарқ вале чун қафаси танг буд,
Дашти ғарибонаи якранг буд.
Шоири дилбохта гарчи намуд
Бар қадаму хоки дари зан суҷуд.
Рӯйи занонро гули хушбӯй гуфт,
Қоматашон сарви лаби ҷӯй гуфт.
Гуфт: «Даҳан - ғунчаву абрӯ - ҳилол,
Чашми сияҳаш чу рамида ғизол...»
Лек, сад афсӯс, зани пардапӯш
Монд ба таърифи сифоташ хамӯш.
Шарқ надонист, чи сон бо сухан
Зинда кунад акси ҳақиқии зан.
Партави Октябр ба додаш расид,
Шарқи ситамкаш ба муродаш расид.
Шарқ музайян шуда аз рӯйи зан,
Шаъну шараф омада дар кӯйи зан.
Зан ба сари курсии иззат нишаст,
Одати деринаи моро шикаст.
Даст ба мо бо лаби пурханда дод,
Ҳусн чу хуршеди дурахшанда дод.
Кас нашунидаст чунин кашфиёт
Дар ҳама таъриху гузашти ҳаёт.